гуруснагӣ — [گرسنگي] 1. гурусна будан, холӣ ва ба хӯрдан ниҳоят толиб будани меъда, гушнагӣ, ҷӯъ, муқоб. серӣ 2. мӯҳтоҷӣ ба хӯрок; қашшоқӣ, бенавоӣ; гуруснагӣ кашидан дар мӯҳтоҷӣ ба ғизо умр ба сар бурдан, гушнагиро аз сар гузарондан; гуруснагӣ эълон кардан… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
мондан — I [ماندن] 1. гузоштан, ниҳодан; ҷо кардан 2. шинондан, насб кардан 3. таъйин кардан 4. боқӣ будан, бозмондан 5. сарфи назар кардан, даст кашидан аз коре 6. истодан, ист кардан, будан, иқомат кардан 7. қатъ шудан; бозистодан 8. вогузоштан, ҳавола… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гурсина — [گرسينه] ниг. гурусна … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гушна — [گشنه] 1. ниг. гурусна; гушна ба шер мезанад (мақ.); гушнаву ташна бе обу нон, бе хӯрок 2. маҷ. ҳарис, тамаъкор; хасис, мумсик, гурусначашм; чашми гушна чашми ҳарис, чашми тамаъкор ◊ гушна бинад, сер мешавад хеле дилкаш, ниҳоят дилпазир, хеле… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
гушнагадо — [گشنه گدا] 1. гадои гурусна; бенаво 2. таҳқ. хасис, мумсик … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
ишкам — [اشکم] шакли дигари шикам; ишкамсерро чӣ парвои ишкамгурусна (зарб.) сер аз ҳоли гурусна хабар надорад; давлатманд ғами нодоронро намехӯрад … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
карнай — [کرني] мус. асбоби нафасии баландовоз, ки аз биринҷӣ сохта шуда, танааш борики дароз ва қисми даҳанааш махрутишакл мебошад ва дар маросимҳои тантанавӣ ва тӯйҳо менавозанд; карнайи радио асбоб барои ба садо табдил додани мавҷҳои бо сими радио… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
қозгир — [قازگير] қозгиранда, шикоркунандаи қоз ◊ иштиҳои қозгир иштиҳои ниҳоят зиёд; иштиҳо қозгир шудан хеле гурусна ва толиби хӯрок шудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
навохтан — I [نواختن] асбоби мусиқиро ба садо даровардан, созандагӣ кардан; шикам (аз гуруснагӣ) танбӯр навохтан киноя аз хеле гурусна будан II [نواختن] навозиш кардан, меҳрубонӣ, дилҷӯӣ кардан, илтифот зоҳир намудан … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ
нақора — (нағора) [نقاره // نغاره] а. яке аз созҳои зарбии мусиқӣ, ки танаи доирашакли дарунхолӣ дошта, ба як ё ду тарафи рӯяш пӯст кашида мешавад ва бо ду чубак менавозанд; табл, дуҳул: нақора навохтан (задан) ◊ шикам нақора навохтан маҷ. ниҳоят гурусна… … Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ